Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Якутияи Русия иқомат дошт, барои маблағгузорӣ ба фаъолияти созмони байнулмилалии террористии «Ҳаракати Толибон» маҳкум карда шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсати Хадамоти федералии амнияти Русия дар ин минтақа, суд ӯро дар содир намудани ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 205, қ. 1-и Кодекси ҷиноии Русия (Мусоидат ба фаъолияти террористӣ) гунаҳкор дониста, ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.
Зимни тафтишот муайян шудааст, ки судшаванда бо як шиноси худ - узви «Ҳаракати Толибон», ки алайҳи нерӯҳои ҳукумати Покистон ҷнгидааст, тавассути почтаи электронӣ мукотиба доштааст.
«Дар номаҳои худ шиносаш дархост мекарддаст, ки натанҳо барои «ҷиҳод» муқобили «кофирон»дар Афғонистону Покиситон кумаки молӣ расонад, балки ба таъсиси сохторҳои пинҳонии терористон дар Якутия низ мусоидат намояд. Барои иҷрои ин дастурҳо судшаванда чандин маротиба тариқи суратҳисобҳои сохтаи созмони террористӣ ба Покистон маблағ интиқол додааст», - иттилоъ медиҳад дар ин робита «Интерфакс» .
Қобили зикр аст, ки дар Русия созмони «Ҳаракати Тоибон» террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар қаламрави ин кишвар манъ аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста