Кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон яке аз ҳаммаслакони наздики собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода полковники Раёсати Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи кишвар Назар Сафаровро боздошт намуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, тибқи маълумоти мавҷуда, полковник Сафаров ба доираи дӯстони наздики генерали ошӯбгар шомил буда, дар баробари Назарзода ва наздикони нобудшудаи ӯ эшони Ҷунайдулло ва мулло Умар аз ошӯб огаҳӣ дошт ва дар омодакунии он фаъолона саҳм гузоштааст.
Зимнан зикр гардид, ки баъди фурӯ нишонидани ошӯби мусаллаҳона полковник Сафаров то замони ҳабс дар Душанбе пинҳон шуда, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришудаа боздошт шудааст.
Ёдрас мекунем, ки зимни амалиёти нерӯҳои қудратии ҷумҳурӣ алайҳи гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи генерали ошӯбгар Назарзода аз 4 то 16 сентябри соли равон 25 тан аз аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша куштаву 125 нафар террористон боздошт шуданд. Мутаассифона, дар ҷараёни амалиёт 14 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ низ ҷон бохтанд.
Қобили зикр аст, ки якчанд нафар аъзои гурӯҳи террористии мазкур ба гуноҳашон иқрор шуда, ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста