Дар шаҳри Маскав шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон барои куштори ду нафар ба 17 соли зиндон маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти прокуратураи Маскав , шаҳрванди 22-солаи бекори Тоҷикистон Суҳробҷон Яъқубов ҳамроҳи духтари 16-солаи маскавӣ дар гузарогоҳи Наполнаяи ин шаҳр зиндагӣ мекардааст.

«Рӯзи 1 марти соли 2015 дар заминаи муносибатҳои нохуб бо модар ва ҳамзисти духтар, ки онҳо низ дар ҳамин манзил иқомат доштаанд, муноқишаи навбатӣ рух дода, ӯ зану мардро нахуст лату кӯб ва сипас бо корд ба онҳо зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдидагон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, Суҳробҷон Яъқубов базудӣ дастгир шуда, суди шаҳри Маскав  ӯро ба 17 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.