Ахири ҳафтаи гузашта кормандони милитсия ду сокини шаҳри Душанбе, мардони 26 ва 33-соларо бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 884 грамм маводи нашъадори афюн ва 205-дона ҳабҳои “МДМА”, ки вазни умумиашон 44,0 граммро ташкил медиҳанд, дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гумони нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуда, дар вақти азназаргузаронии манзилӣ истиқоматии гумонбаршуда 711-грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот дар ин самт идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста