Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шахсоне, ки ихтиёран аз аъзогии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баромадаанд ва баъди манъ доштани фаъолияти ҳизб ҳамкориро бо он қатъ намудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдори онҳо таркиби ҷиноят дида намешавад ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки вақтҳои охир шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ бо чунин савол муроҷиат карда истодаанд: Баъди бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкилоти ифротгарою (экстремистӣ)-террористӣ эътироф шуданаш оё собиқ аъзоёни ин ҳизб ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд?
Гуфта мешавад, танҳо шахсоне, ки фаъолияти худро дар ин ҳизб давом медиҳанд, ё аз нав аъзои он мешаванд ва ё сохторҳои нави ҳизбро ташкил карданӣ мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки шахсоне, ки бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аъзои ин ҳизбро доранд, метавонанд ин ҳуҷҷатҳоро ба сохторҳои вилоятию шаҳру ноҳиявии Вазорати адлия ва ҳифзи ҳуқуқ оварда бо пешниҳоди ариза супоранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста