Собиқ раиси ҶСП «Фононбонк» Самихон Қурбонов, ки хеши наздики муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ аст, ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ, раиси бонк на ба гумони содир кардани ҷиноятҳои молиявӣ, балки барои робита доштан бо гурӯҳи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода ва иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ҳизби аллакай мамнӯъ дар Тоҷикистон - ҲНИТ ҳабс шудааст.
Саидумар Ҳусайнӣ чун боз беш аз 20 нафар роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ аз нимаи моҳи сентябр боздошт шуда, раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар яке кишварҳои хориҷи дур қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 29 сентябри соли 2015 Суди олии Тоҷикистон даъвои Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи террористӣ эътироф шудани ҲНИТ-ро қонеъ намуда , фаъолияти ин ҳизб дар қаламрави Тоҷикистонро манъ кард.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки бо мақсади беҳбуди вазъи молиявии ҶСП «Фононбонк» Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин муассисаи тиҷоратӣ маъмурияти муваққатӣ таъин кард. Санаи 2 октябр Раёсати БМТ дар ин бора қарори дахлдор қабул кард.
«Раёсати БМТ мутобиқи моддаҳои 49 ва 50 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП “Фононбонк” ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он бо қарори навбатии худ аз 2 октябри соли равон дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ ба муҳлати се моҳ таъин намуд», - иттилоъ дода будхадамоти матбуоти БМТ.
Мувофиқи қарори қабулшуда, ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
ҶСП «Фононбонк» вориси ҶСП «Ташкилоти қарзии Фонон» мебошад. Моҳи майи соли 2007 «Фононбонк» дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шуда, 4 январи соли 2008 барои анҷоми амалиёти молиявӣ ба сифати бонк аз БМТ иҷозатнома гирифт.
Дафтари кории маркзии ҶСП «Фононбонк» дар пойтахт қарор дошта, бонк дар саросари кишвар 14 филиал дорад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста