Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Қумсангир ду тан аз сокинони ин ноҳияро ба гумони даст доштан дар ҳодисаҳои дуздӣ боздошт намуданд
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки пешдастгиршудагон - ҷавонони 24-25-сола шаби 28 ба 29 сентябр бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 34-солаи сокини ҳамин ноҳия шуда, 6500 сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 9600 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ёдрас мешавад, ки номбурдагон шаби 19 ба 20 сентябр бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи зани 37-сола, сокини ҳамин ноҳия шуда, аз дохили ҷевон як адад планшет, як телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, маблағи пулии 1000 доллари амрикоӣ, 6000 рубли ФР ва 1300 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 14180 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста