Ба парвандаи аъзои ҳабсшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст, муҳри махфӣ гузошта шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешу ақрабои ҳабсшудагон хабар доданд .
Ин маънои онро дорад, ки афроди таҳти бозпурсӣ қарордошта аз рӯи ин парванда, адвокатҳои боздоштшудагон ва муфаттишони ин парванда ба ифшои маълумот дар бораи он ҳуқуқ надоранд.
Дар ҳамин ҳол, ба парвандаи адвокати аъзои боздоштшудаи ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров, ки санаи 28 сентябр ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт шуда буд, низ муҳри махфӣ зада шудааст.
Ёдрас мекунем, ки мувофиқи изҳороти ахири Прокуратураи генералӣ аз 6 октябр, 23 нафар роҳбарон ва аъзои Шӯрои олии сиёсии ҲНИТ ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳо ва шумори муайяни аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи Абдуҳалим Назарзода, ки тибқи изҳороти ҳукумат бо дастури ҲНИТ амал мекарданд, боздошт шудаанд.
Нисбати ҳамаи боздоштшудагон мутобиқи моддаҳои 179 (Терроризм), 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 306 (Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ), 313 (Исёни мусаллаҳона) ва ҳамчунин дигар моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста