Кормандони Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ сокинони маҳаллӣ, ҷавонони 17 ва 18-соларо ба гумони даст доштан дар ҳодисаҳои дуздӣ боздошт намудаанд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 12 октябр боздоштшудагон бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии сокини 37-солаи маҳаллӣ шуда, аз он ҷо маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор доллари ИМА ва ҷавоҳироти тиллоӣ ҷамъ ба маблағи 140 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршудаҳо қаблан низ бо ҳамин роҳ аз манзили истиқоматии зани 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор доллари ИМА ва ҷавоҳироти тиллоӣ ҷамъ ба маблағи 15 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста