Барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия дар сафи гурӯҳи Давлатӣ исломӣ як сокини вилояти Суғд ба 16 соли зиндони низомаш шадид махкум шуд. Ин нахустин парванда оид ба иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар давлатҳои хориҷӣ мебошад, ки дар суди вилоят баррасӣ шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, сокини 29-солаи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен А.У. дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 ва 401-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шудааст.
Ба иттилои манбаъ, маҳкумшуда соли 2013 ба Сурия рафта, ихтиёрӣ ба сафҳои гурӯҳи террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» пайвастааст. Ӯ муддати 15 рӯз дар урдӯгоҳҳои ҷангӣ таълим гирифта, сипас ба Маскав меояд ва дар ин ҷо аз аъзои ин гурӯҳ аъзоҳаққӣ ҷамъоварӣи намуда, барои онҳо ҳуҷҷат омода мекардааст.
Моҳи январи соли 2015 ҳангоми назди ҳамсараш ба Украина рафтан зимни убури марзи Украина боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста