Кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Файзобод, корманди яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Душанберо ба гумони ташкили фоҳишахона дастгир карданд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар менависад, муайян карда шудааст, ки номбурда рӯзи 19 октябр, тахминан аз соатҳои 22:30 то 23:30-дақиқа ҳуҷраҳои меҳмонхонаро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 23-сола ва зани 18-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, марди 19-солаи сокини ноҳияи Панҷакент ва зани 20-солаи сокини ноҳияи Ёвон, марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 19-солаи сокини шаҳри Чкалов, инчунин марди 35-солаи сокини ноҳияи Дарвоз ва зани 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 750 сомонӣ гирифтааст.
Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста