Аз рӯи далели марги тифли панҷмоҳа Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи тафтишоти Русия, мақомоти ин Кумита дар шаҳри Санкт-Петербург тибқи натиҷаҳои санҷиши то тафтишот аз рӯи аломатҳои ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 109, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Русия (То ба марг расонидан аз рӯи беэҳтиётӣ дар натиҷаи аз ҷониби шахс ба таври бояду шояд иҷро нашудани уҳдадориҳои касбии худ) парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.
Бино ба маълумоти тафтишот, рӯзи 13 октябри соли 2015 кормандони Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар ин шаҳр шаҳрвандони Тоҷикистонро барои нақзи қонунҳои муҳоҷират айбдор дониста, сипас кормандони пулис онҳоро ҳамроҳи тифлашон ба шуъбаи пулис меоранд Сипас табибони «ёрии таъҷилӣ» тифлро ба Маркази тиббии В.В.Симбалин бурда, рӯзи 14 октябр шабона тифл ба ҳалокат мерасад.
Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти пешакӣ, тифл аз бемории сирояти шадиди ангезандаи роҳи нафас (респираторӣ) фавтидааст.
Гуфта мешавад, айни замон бо мақсади муайян кардани ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи рухдода маҷмӯи амалҳои зарурии тафтишотӣ гузаронида шуда, тафтиши парванди ҷиноии мазкур идома дорад.
Ғайр аз ин, аз ҷониби мақомоти тафтишоти Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург нисбати шахсоне, ки ба аз дасти волидон гирифтани тифл ва ба маркази тиббӣ бурдани ӯ дахл доранд, санҷиши то тафтишот ҷараён дорад.
Зимнан зикр мегардад, ки кормандони пулис ҳамчунин нисбати волидони тифл аз рӯи аломатҳои ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 156-и Кодекси ҷиноии Русия (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ) низ санҷиши то тафтишот мегузаронанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста