Аз рӯи далели куштори кормандони милисаи Дастаи махсуси зудамали шаҳри Исфара парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Аз маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нисбати корманди ҳамин дастаи шуъбаи милисаи шаҳри Исфара Хаёлов С.М. мутобиқи моддаи 104, қ. 2, б. «Б»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушии шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро кардани ӯ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки куштори ду корманди милиса аз ҷониби ҳамкорашон ба фаъолияти хизматии онҳо ҳеҷ дахле надошта, дар заминаи муноқишаи рухдода миёни онҳо ба вуқӯъ пайвастааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19 октябр дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, ду нафар кормандони милиса - Маҳкам Сафаров ва Алишер Шехназаров мавриди ҳадафи тири ҳамкори худ қарор гирифта, ба ҳалокат расиданд.
Ба қавли шоҳидони ин ҳодиса, пас аз куштор корманди милиса ба шуъба омада, бо таҳдид ба навбатдор бо таппонча автоматро гирифта ба кӯча мебарояд ва дар маркази деҳа ба тирхоликунӣ ба ҳаво оғоз мекунад. «Ӯро пиронсолне, ки дар наздикиҳо будаанд, бо як душворие ором мекунанд ва вақте каме ором мешавад, худаш ба сардори милиса занг зада, таслим шуд», - изҳор дошта буданд шоҳидони воқеа.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста