Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»-ро дастгирӣ намуд.
Зимни шарҳи тағйироту илова ба қонун назди вакилони парлумон, вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки онҳо қабл аз ҳама барои беҳбуди хизматрасониҳои адвокатӣ ба аҳолӣ ва ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи касбии адвокатҳо нигаронида шудаанд.
Мутобиқи тағйироту иловаҳои мазкур, минбаъд ба шахсони қаблан маҳкумшуда бидуни назардошти муҳлати суд шудани онҳо, машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ дар Тоҷикистон манъ карда мешавад.
Ғайр аз ин, ба шахсоне, ки барои содир намудани амалҳои коррупсионӣ ё риоя кардани савганди ёдкарда аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аз кор озод карда шудаанд, дигар ба машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ ҳуқуқ дода намешавад.
Шахсоне, ки забони тоҷикиро намедонанд ва ҳамчунин афроде, ки шаҳрвандии Тоҷикистон надоранд, минбаъд ба аҳолӣ хизматгузориҳои адвокатиро пешниҳод карда наметавонанд.
Дар ин робита раиси палатаи поёнии парлумон савол дод: «Агар шахс аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ барои риоя накардани интизоми меҳнат аз кор озод шуда бошад, оё минбаъд ӯ метавонад ба фаъолияти адкокатӣ машғул шавад?»
Вазири адлияи ҷумҳурӣ дар посух изҳор намуд, ки вайрон кардани интизоми меҳнат ва риояи савганди ёдкарда мафҳумҳои гуногунанд. «Дар ҳолати вайрон шудани интизоми меҳнат, муҷозот мутобиқи талаботи Кодекси меҳнат сурат мегирад, риоя накардани савганди ёдкарда бошад, ин аллакай ҷиноят аст», - гуфт вазир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста