Субҳи рӯзи 10 ноябр муҳоҷирон аз Тоҷикистон Рустам Назаров ва Заррина Юнусова, волидони тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаровро, ки дар бемористони шаҳри Санкт-Петербург фавтида буд, кормандони пулис ба озмоишгоҳи кимиёвӣ-токсикологии шаҳр оварда, дар он ҷо талош варзидаанд онҳоро ба супурдани ташхиси хун маҷбур намоянд.
Танҳо ба туфайли дахолати адвокатҳои ҷабрдидагон, ки дар фурсати кӯтоҳ ба озмоишгоҳ ҳозир шудаанд, муясясар гардидааст, ки аз ин амал пешгирӣ шавад.
Ҷониби ҳимояи ҷабрдидагон ба ин гумон аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айни замон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо ҳар гуна тасдиқе дар марги тифл волидонашро гунаҳкор созанд.
Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров - Умаралӣ Назаров ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид.
Ҳамчунин қаблан пайвандони Умаралии панҷмоҳа изҳор доштанд, ки зери фишори муфаттишон қарор доранд . Рустам Назаров, падари Умаралӣ Назаров ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки муфаттишон ба оилаи онҳо фишор оварда, ба расонаҳо иттилое паҳн карда истодаанд, гӯё дар марги тифламон худи мо гунаҳкор бошем. Ҳатто эҳтимол дорад, ки онҳоро ба куштани тифл муттаҳам мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста