- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳтарин сабабҳои куштори зани маҳаллӣ аз ҷониби афсари пойгоҳи низомӣ Иван Шербаковро ошкор намуданд, - хабар дод як манбаъ аз гурӯҳи муштараки тафтишот.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноӣ якчанд фарзияҳои рух додани ҳодиса баррасӣ мешаванд, ки куштор дар заминаи рашк яке аз фарзияҳои асосӣ шуморида мешавад.
Тибқи нишондоди шоҳидон, зани ҳалокшуда ҳамроҳи афсари рус ба қаламрави шаҳраки низомӣ омадаааст ва ин ҳам бори аввал набуда, ихтиёрист ва ҳамчунин зимни тафтиши ҳуҷҷатҳо дар нуқтаи гузаргоҳ худро «ҳамсар»-и афсар хондааст.
Баъдан дар ҳуҷраи хобгоҳ миёни онҳо муноқиша сар зада, зан ба хиёнату бевафоӣ айбдор шудааст. Пас аз муноқишаи лафзӣ ҷанҷолу занозанӣ рух дода, дар ҷараёни он зан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардорад ва ба ҳалокат мерасад.
Пас аз боздошт хизматчии ҳарбӣ дар ҳолати рӯҳафтодагӣ аз кардааш пушаймонӣ изҳор намуда, ба гуноҳаш иқрор ва дар ин бора баёноти иқроршавӣ ҳам навиштааст.
Намояндаи гурӯҳи тафтишот ҳамчунин илова намуд, ки ҳамаи ашхоси мансабдори гунаҳкор дар ин ҷиноят сахт муҷозот мешаванд.
Хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков, ки ба қатли як зани тоҷик Шоира Ҷобироваи 22-сола гумонбар дониста мешавад, ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №1-и шаҳри Душанбе интиқол гардида, то ахири тафтишт - 6 январи соли 2016 дар он ҷо қарор хоҳад дошт. Дар ин бора қаблан Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои наздики худ ба тафтишот иттилоъ дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста