Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз дар иҷлосия тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дастгирӣ намуд.
Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала узви Маҷлиси миллӣ, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода изҳор намуд, ки мутобиқи тағйироту иловаи мазкур, минбаъд тафтишу таҳқиқи парвандаҳои маъмурӣ нисбати фоҳишагарӣ танҳо ба дӯши Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти судӣ вогузор мегардад. «Қаблан ба ин кор дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти прокуртура низ ҳуқуқ дошт», - қайд кард номбурда.
Б.Худоёрзода хотирррасон намуд, ки мубориза бо фоҳишагарӣ дар ҷумҳурӣ пурзӯр карда мешавад. Ба гуфтаи ӯ, нимаи моҳи октябр палатаи поёнии парлумон масъулият барои машғул шудан ба фоҳишагариро шадид кард.
«Агар то ин замон дар ҷумҳурӣ барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ танҳо ҷазои ҷаримабандӣ аз 400 то 800 сомонӣ пешбинӣ гардида буд, акнун ҳаҷми ин ҷаримаҳо аз 800 то 1,6 ҳазор сомонӣ мерасад ва ҳамчунин ҷазо дар шакли ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз низ пешбинӣ шудааст», - иброз дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар ҷараёни рейди серӯзаи кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар Душанбе 505 нафар фоҳишаҳо ошкор гардида буданд, ки 450 нафари онҳо ба бемориҳои тариқи алоқи ҷинсӣ гузаранда гирифтор буданд. Пас аз ин рейд кӯчаҳои пойтахт аз фоҳишаҳо қариб холӣ шуда, аммо бо гузашти ду-се моҳ онҳо боз дар кӯчаҳои Душанбе пайдо шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста