Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори ду нафар кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт сокини 21-солаи шаҳри Кӯлоб Умедҷони Амрохонро боздошт намуданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда ҷинояти мазкурро дар якҷоягӣ бо шарики худ содир намуда, айни ҳол шарикаш мавриди ҷустуҷӯи кормандони мақомот қарор дорад.
Гуфта мешавад, Умедҷони Амрохон муваққатан дар шаҳри Душанбе истиқомат дошта, расман бекор мебошад. Сабаб ва ҳолати содир гардидани ҷинояти мазкур муайян карда мешавад. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Зимнан зикр мегардад, ки бо мақсади муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта афроди номаълум ба 4 тан аз кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарафтода, дар натиҷа ду нафар аз кормандони ин комиссариат ҳалок ва боқимонда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.
Дар ин робита Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон дархост кард, ки агар оид ба ҳодисаи куштор ва шахсияти ҷинояткорони дар он дастдошта ягон маълумот дошта бошанд, ба мақомоти милитсия хабар расонанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки касоне, ки дар ин бора маълумоти дақиқ медиҳанд, 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида мешаванд. Нисбати шахсоне, ки ягон маълумот ва ё хабар медиҳанд, пинҳон доштани шахсияти онҳо кафолат дода шуд.
Ғайр аз ин, ВКД Тоҷикистон изҳор намуд, ки ҳодисаи куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳеҷ рабте надорад .




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста