Суди шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12 ноябр аризаи шикоятии модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳа аз болои қарори хориҷ кардани ӯ аз қаламрави Русияро рад кард. Дар ин бора нашрияи «Фонтанка» иттилоъ медиҳад.
Сарфи назар аз далелу ваҷҳҳои сершумори овардаи чор нафар ҳимоятгарони Заррина Юнусова, модари Умаралӣ Назаров, судяи суди ноҳияи Октябрскии шаҳри Санкт-Петербург Елена Широкова барои бекор кардани қарори зинаи поёнӣ ҳеҷ асосе наёфт. Ӯ далели ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доштани Юнусоваро эътимодбахш арзёбӣ намуда, аз қаламрави кишвар хориҷ кардани ӯро дуруст шуморид.
Ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳатто ишора ба он, ки ӯ дар парвандаи ҷиноӣ оид ба марги писараш ҷабрдида дониста шудааст, кумак накард. Қарори хориҷ шудани ӯ мавриди амал қарор гирифта, дар муддати 15 рӯз Юнусова бояд қаламрави Русияро тарк намояд. Аз болои ин қарор ӯ ба раиси суди шаҳр Епифанова шикоят бурда метавонад, вале ин ҳуқуқ низ ба ӯ имкони дар қаламрави Русия қарор доштанашро кафолат дода наметавонад.
Қаблан пайвандони Умаралии панҷмоҳа изҳор доштанд, ки зери фишори муфаттишон қарор доранд . Рустам Назаров, падари Умаралӣ Назаров ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки муфаттишон ба оилаи онҳо фишор оварда, ба расонаҳо иттилое паҳн карда истодаанд, гӯё дар марги тифламон худи мо гунаҳкор бошем. Ҳатто эҳтимол дорад, ки онҳоро ба куштани тифл муттаҳам мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров - Умаралӣ Назаров ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста