Собиқ сардори Раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории Душанбе Саидашраф Анваров, ки ҳудуди ду моҳ қабл аз вазифааш озод шуда буд, аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар содир намудани амалҳои коррупсионӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд боздошт шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши тиҷорати сохтмони пойтахт хабар дод, С.Анваров дар содир намудани амалҳои коррупсиноӣ зимни сохтмони чанде аз иншооти бузург, аз ҷумла сохтмони Маркази тиббии «Пойтахт-90» гумонбар дониста мешавад.
Маълумоти боздошти С.Анваровро дар Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» тасдиқ намуда, вале аз ифшои ҷузъиёти масъала худдорӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои сохтмони Маркази тиббии «Пойтахт-90» аз буҷети пойтахт беш аз 500 млн. сомонӣ ва барои харидории таҷҳизоти он - ҳудуди 44 млн. сомонӣ ҷудо шудааст.
Маркази тиббии «Пойтахт-90» дар паҳлӯи Маркази ҷумҳуриявии ташхис аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохта шуда истодааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст. Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказ ахири соли равон дар назар аст.
Бино ба маълумоти расида ба «Азия-Плюс», барои сохтмони иншооти гуногун дар соли равон дар буҷети шаҳри Душанбе 554 млн. 300 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки сохтмон дар ҳаҷми 354 млн. сомонӣ аз ин маблағ тавассути Раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории Душанбе амалӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста