Суди вилояти Владимирски Русия зодаи Тоҷикистон Мавзуна Мазориеваро ба даст доштан дар даъватҳои оммавӣ ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ тариқи шабакаи Интернет айбдор мекунад.
Муовини прокурори ин вилоят нисбати Мавзуна Мазориеваи 18-сола хулосаи айбномаро дар содир намудани ҷиноятҳо тибқи моддаи 280, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Русия (даъватҳои оммавӣ ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ бо истифода аз шабакаи Интернет) тасдиқ кардааст. Дар ин бора прокуратураи вилояти Владимирск хабар медиҳад .
Ҳамин тариқ, мувофиқи хулосаи мақомоти прокуратура, аз моҳи июни соли 2015 шаҳрванди Тоҷикистон Мазориева ба макони иқомати муваққатӣ ба шаҳри Колчугинои вилояти мазкур омада, таҳти таъсири маводи иттилоотӣ дар шабакаи Интернет ба афкори исломи тундгаро моил ва нисбати дигар афроде, ки аз ислом пуштибонӣ надоштаанд, ҳисси нафрату адоват пайдо кардааст.
«Дар шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ ӯ бо маълумоти гуногуни дорои мавқеи ифротгароӣ шинос шуда, дар ҷараёни он қасди содир намудани ҷинояти марбут ба даъватҳои оммавӣ ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ ба вуҷуд омадааст», - гуфта мешавад дар маълумоти мақомоти прокуратура.
Санаи 12 августи соли ҷорӣ зимни қарор доштан дар макони иқомати муваққатӣ, Мавзуна дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо сабти номи «Асмаа на пути Аллаха (Замужем)» (Асмаа дар роҳ ба сӯи Аллоҳ (Оиладор) саҳифаи шахсии худро боз намудааст.
Бо истифода аз телефони ҳамроҳ (мобилӣ)-и ба Интернет васлшуда ӯ дар саҳифаи худ сабти видеоии кушода барои дастрасӣ дар шакли сухангӯиро гузоштааст, ки дар он мафҳумҳои дорои даъват ба содир намудани амалҳои зӯроварона нисбат ба гурӯҳи шахсон аз рӯи аломатҳои мазҳабӣ ҷой доштаанд. Дар ин амали содиршуда Мавзуна пурра ба гуноҳи худ иқрор шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста