Рӯзи 3 декабр аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ якчанд далели содир гардидани ҷиноятҳои қаллобӣ ошкор гардид.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба мақомоти милитсия марди 19-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки дар давоми соли 2015 “Абдулло” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маблағи пулӣ дар ҳаҷми 133000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ марди 32-солаи сокини ноҳияи Зафаробод дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дастгир гардид, ки номбурда, моҳи августи соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, ду марди 31-сола даромада, аз онҳо 100000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Дар шаҳри Хуҷанд, инчунин муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Исфара моҳи августи соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри Исфара даромада, аз ӯ 750000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Дар шаҳри Душанбе низ ба мақомоти милитсия чанд нафар соҳибкор муроҷиат намудаанд, ки «Бахтиёр» ном шахс ба бовариашон даромада ба роҳи фиреб маблағҳои онҳоро гирифта то ҳол барнагардонидааст. Муайян карда шуд, ки ин қаллоб, марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҳисор буда, номбурда дар давоми соли 2015 аз соҳибкор, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 60000-доллари амрикоӣ ва аз марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 200000-доллари амрикоӣ маҳсулотҳои сохтмонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Ҳамчунин, гумонбаршуда бо ҳамин роҳ аз марди 47-солаи сокини дигари шаҳри Душанбе 9000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Гуфта мешавад, нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста