Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 15 декабри соли 2015 бо иштироки роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, сардорони мақомоти назоратӣ, бонкҳо ва дигар ташкилотҳо маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар маҷлиси ҳайати мушовара натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ оид ба ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ, танзим ва назорати асъор, вазъи бақайдгирӣ, таъсис, фаъолият ва андозсупории корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷумла қайд гардид, ки аз тарафи мақомоти прокуратура дар ин ҷода ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор 97 пешниҳод ва 174 амр ирсол карда, ба 42 санадҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда, 66 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, 887 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 139 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. Ҳамчунин, бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ зиёда аз 40 млн. сомонӣ маблағҳои зарар ва андозҳо ба буҷети давлат барқарор карда шудаанд.
Дар маҷлис Раиси ҳайати мушовара, Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба ҳама паҳлуҳои масъалаҳои баррасишаванда баҳои ҳуқуқӣ дода, ҷиҳати бартараф кардани камбудию қонунвайронкуниҳо ва ҳалли мушкилоти дар ин самтҳо ҷойдошта дар назди прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузошта, ба роҳбарону масъулини вазорату идораҳои марбута тавсияҳои судманд дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста