Тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги зодаи Тоҷикистон Фаррух Урозов, ки рӯзи 18 сентябри соли 2014 дар шуъбаи пулиси шаҳри Солнечногорски вилояти Маскави Русия даргузашт, ба итмом расид.
Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи тафтишоти Русия , дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон се корманди шуъбаи кофтукови ҷиноии шуъбаи пулиси шаҳри Солнечногорск - Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев гумонбар дониста мешаванд. Ба онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 111, қ. 4 (расондани зарари ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси ҳалокати одам шудааст) ва 286, қ. 3, бандҳои «а», «б» ва «в» (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия айбнома пешниҳод шуд.
Радиои Озодӣ дар мавриди ин ҳодиса менависад, Фаррух Алихонович Урозов 39 сол дошт ва дар сохтмоне дар яке аз шаҳракҳои воқеъ дар Солнечногорск кор мекард. Ӯ шоми 17 сентябри соли 2014 баъди бозгашташ аз ҷои кор дар манзиле ки иҷора менишаст, бар асоси шикояти як ҳамсояи онҳо боздошт шуд. Ин зани ҳамсоя, ки аз ӯ Светлана ном мебаранд, Урозовро ба таҷовуқ ба номуси духтари шашсолааш айбдор мекардааст. Фаррух Урозов субҳи 18 сентябри соли 2014, баъди чанд соати боздошташ дар шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Солнечногорск даргузашт.
Бино ба хулосаҳои ташхиси тиббӣ, муҳоҷири тоҷик бар асари шикастани чандин қабурғааш ҷон бохта, маълум шудааст, ки афсарони пулис барои маҷбур кардани Урозов ба эътирофи гуноҳ ба бадани вай дастикам 75 зарба задаанд.
Сомонаи Кумитаи зидди шиканҷаи Русия дар мавриди ин ҳодиса иттилоъ медиҳад, ки бародари марҳум Илҳом Алихонов дар робита ба ин ҳодиса ба онҳо муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки кормандони пулис Фаррухро ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба номуси духтарчаи 6-солаи ҳамсояашон боздошт кардаанд.
Баъди чанде кормандони пулси ӯ ва дӯсташ Фирдавс Сатторовро низ боздошт ва ба шуъбаи пулис мебаранд. Субҳи 18 сентябр онҳоро аз шуъаи пулис ҷавоб дода, баъди чанд соат онҳо огоҳ мешаванд, ки Фаррух даргузаштааст.
Ҳуқуқшиноси Кумитаи мазкур Сергей Бабинетс, ки аз манфиатҳои Илҳом Алихонов, бародари фавтида ҳимоя мекунад, изҳор доштааст, ки намояндагони Кумита дар амалҳои тафтишотӣ дар робита ба ин парвандаҳузур доштаанд.
«Пас аз тасдиқи хулосаи айбнома мо аз манфиатҳои ҷардида дар суд ҳимоя карданием. Ҳадафи мо ноил гардидан ба содир шудани ҷазои сазовор нисбати гунаҳкорони марги Урозов ва минбаъд ҷуброни зиёни маънавӣ ба наздикони Фаррух аст», - гуфтааст ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста