Дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе кормандони милиса автомашинаи тамғаи “Тайота-Ланд-Крузер”, таҳти идораи ронанда, марди 37-солаи сокини шаҳри Хоруғро боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили борхалтаи варзишии мусофир, ҷавони 19-сола, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи геологияи шаҳри Хоруғ, 10 килою 710 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, дар назди маркази савдои “Мардон”, воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе низ ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шахсиии тамғаи “Мерседес-Бенс, мутааллиқ ба марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз дохили борхалтааш 990 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира гардида, инчунин ҳангоми азназаргузаронии хонаи хоҳараш зани 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз дохили амборхонааш 22 киллою 680 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста