Ду зани сокини шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ дастгир шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ахири ҳафтаи гузашта зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як зани 25-сола ва як зани 26-солаи сокинони шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ҷалби одамон барои истисмор дастгир карда шуданд.
Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршудаҳо бо маслиҳати пешакӣ бо зане тахаллусаш “Хола”, ки айни замон дар шаҳри Дубайи АМА қарор дорад, бо мақсади ҷалб ва ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор намудани зани 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ, аз ҳисоби худ раводид, шиноснома ва чипта харидорӣ намуда, рӯзи 16 декабр ӯро ба воситаи ҳавопаймо ба шаҳри Дубайи АМА равон кардаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста