Тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати раҳбарони Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти мили Тоҷикистон ва мақомоти прокуратура дар арафаи анҷомёбист. Дар ин бора ба Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино ба гуфти манбаъ, ин парвандаҳои ҷиноӣ ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии кишвар шояд ахири ҳамин моҳ ирсол карда шаванд.
Зимнан зикр гардид, ки аксари ҳабсшудагоне, ки ба ташкили исёни мусаллаҳона муттаҳам карда мешаванд, аллакай бо хулосаҳои тафтишот шинос гардиданд.
Ёдрас мекунем, ки 17 сентябр Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар робита ба боздошти аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳороти расмӣ пахш намуд , ки дар он раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ҳаммаслаки генерал Назарзода номбар шудааст.
Дар он зикр гардида буд, ки аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябри соли ҷорӣ нисбат ба саркардагон ва ҳаммаслакони ҷиноятпеша дар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд.
Охири моҳи сентябр Суди олии Тоҷикистон даъвои Прокурори генералии кишвар дар бораи террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро қонеъ намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста