Аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ду ҷинояти дуздӣ ошкор карда шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 28 ба 29-уми декабри соли 2015 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи соҳибкор, марди 23-солаи сокини шаҳри Конибодом шуда, аз он ҷо якчанд намуд телефонҳои мобилии гуногунтамға, ҷамъ ба маблағи 10645 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 11.01.с.2016, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздии мазкур ду нафар навраси 16-солаи сокинони Конибодом, хонандагони мактаби таҳсилоти умумӣ дастгир гардиданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз кормандони милитсия тавонистанд як ҷинояти дуздии дигарро ошкор намоянд. Шаби 23 ба 24-уми ноябри соли 2015, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ҶДММ “Софтлаб”, воқеъ дар шаҳри Душанбе шуда, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф)-и коргоҳ маблағи пулӣ; 1850-доллари амрикоӣ, 6000-сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 247000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар гумонбарӣ ба ҷинояти дуздӣ ду ҷавони 23-солаи сокинони ш. Душанбе дастгир карда шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста