Таҳти раёсати директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентӣ доир гардид, ки дар он аз фаъолияти ин ниҳод дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои асосӣ барои соли равон муайян карда шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар ҷаласа, ки бо ҳузури ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон оид ба масалаҳои иқтисодӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд баргузор шуд, маърӯзаву ҳисоботҳои муовини якуми директори Агентӣ Аламхон Наимӣ, сардорони Сарраёсати назорати давлатии молиявӣ, Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иктисодии характери коррупсионидошта, раёсати тафтишотӣ, раёсатҳои Агентӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ва ВМКБ шунида шуданд.
Гуфта мешавад, директори Агентӣ Рустами Эмомалӣ дикқати ҳайати шахсии Агентиро ба камбудиҳои дар фаъолият ҷойдошта ҷалб намуда, барои бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳо дод.
Зимнан зикр мегардад, ки Рустами Эмомалӣ зикр кард, ки кормандони Агентӣ бояд дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, амалисозии стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, дар амал татбиқ намудани сиёсати зиддикоррупсионии ҳукумати Тоҷикистонро софдилона иҷро намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста