Ба кормандони фаврӣ ва таъиноти махсуси Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дар Маскав муяссар шуд, ки зодаи 25-солаи Тоҷикистон Маъруф Одинаверо, ки рӯзи 13 январ аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и «Водник»-и шаҳри Маскав фирор карда буд, боздошт намоянд.
«Рӯзи 17 январи соли 2016 дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамроҳ бо дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Одинев Маъруф Мӯсоевич, ки рӯзи 13 январ аз тавқифгоҳи муваққатӣ-5-и шахри Маскав гурехта буд, боздошта шуд», - хабар дода мешавад дар сомонаи Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дар Маскав. Дар бораи ҷузъиёти дигари қазия маълумот дода нашудааст.
Шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Маъруф Одинаев ба иттиҳоми суиқасди фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд (қисми 1-и моддаи 30 қисми 5-и моддаи 228-1-и Кодекси ҷиноии Русия) ба ҳабс гирифта шуда буд.
Рӯзи 13 январ ӯ бо истифода аз монандии худ ба маҳбуси дигар дар ҳуҷраи зиндон, ки бояд барои анҷоми муҳлати ҳабсаш озод мешуд, бидуни монеъа нуқтаи гузаргоҳро гузашта, аз тавқифгоҳ гурехта буд . Эҳтимол меравад, барои дар маҳбас боқӣ мондан ӯ ба маҳбуси шиносаш маблаги пулӣ додааст.
Дар ҳуҷраи тавқифгоҳ ҳузур надоштани Одинаев танҳо баъди панҷ соати онро тарк кардани ӯ маълум шуда буд. Санҷиш нишон додааст, ки фирор бо сабаби аз ҷониби кормандони тавқифгоҳ дағалона риоя нашудани талаботи қонунгузорӣ муясссар гардидааст. Аз рӯи далели фирори боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста