Кормандони милитсия сокини 34-солаи шаҳри Душанбе ва ҳамроҳи ӯ - сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакиро ба гумони даст доштан дар ғоратгарӣ боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшудагон охири моҳи ноябри соли гузашта дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт бо тариқи зӯроварӣ аз ҷавонзани 18-солаи сокини пойтахт як адад гарданбанди тиллоӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “АСЕР”, ки маблағи умумии онҳо 2500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаи 237 (авбошӣ) ва 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва шарики ӯ марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд», - омадааст дар маълумоти ВКД.
Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста