Дар шаҳри Перми Русия як овозхон аз Тоҷикистон барои фурӯши маводи мухаддири сахтаъсири героин ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.
Ширкати телевизионии «Рифей-Пермь» дар ин робита менависад, сарояндаи тоҷикро моҳи сентябри соли 2014 боздошт намуда буданд. Дар шаҳри Перм тӯли се моҳ ба ӯ муяясар гардидааст, ки фурӯши героинро дар ҳаҷми зиёд ба роҳ монад. Сипас якчанд далелҳои аз ҷониби ӯ фурӯхта шудани беш аз 100 грамм героин ошкор шуда, кормандони пулис овозхон ва ҳамчунин як хеши ӯро, ки ба ӯ дар ин кор кумак мекард, боздошт намудаанд.
Ба иттилои сомонаи шаҳри Перм 59.ru , боздоштшуда дар Тоҷикистон ба фаъолияти эҷодӣ машғул буда, дар озмун ва чорабиниҳои омммавии фарҳангӣ иштирок мекардааст ва ҳамчунин наворҳои видеоии сурудхонишаро сабт мекардааст.
Гуфта мешавад, дар мурофиаи додгоҳӣ чор далели иштироки ӯ дар фурӯши беш аз 320 грамм героин исботи худро ёфта, бо ҳалномаи суд овозхон ба 16 соли зиндони низомаш шадид ва ҷарима дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл маҳкум шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста