Кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз оғози соли равон беш аз 300 кило маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира карданд.
Зимни вохӯрии имрӯза бо журналистон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии кишвар 4 тоннаву 676 кило маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шуда, 2 тонна аз ин ҳаҷм ба ҳиссаи кормандони ВКД рост меояд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, давоми рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст.
Гуфта мешавад, дар ноҳияи Ҷиргатол рӯзи 23 январ аз сокини маҳаллӣ ва меҳмони ӯ аз Қирғизистон беш аз 17 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.
Ҳамчунин рӯзи 24 январ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани 13 кило ҳашиш шаҳрванди Қирғизистон ва се нафар сокинони ноҳияи Шуғнон боздошт шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста