Собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Ёқуб Салимов, ки соли 2005 бо ҳукми Суди олии ҷумҳурӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, аввали тобистони соли ҷорӣ ба озодӣ мебарояд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, бо назардошти мавриди амал қарор гирифтани қонуни афв нисбати Ёқуб Салимов, ӯ тахминан ахири моҳи май - аввали моҳи июн озод карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар нишасти хабарии рӯзи 18 январ раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки Суди олии Тоҷикистон ҳукми худ аз 24 апрели соли 2005 нисбати собиқ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Ёқуб Салимовро тағйир надодааст.
Дар ҳамин ҳол, Шоҳиён қайд кард, ки муҳлати анҷоми ҷазои Ёқуб Салимовро, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, саҳеҳ намедонад. «Аз Вазорати адлия пурсед», - маслиҳат дод ӯ ба журналистон.
Маврид ба ёдоварист, ки 30 январи соли гузашта зимни нишасти хабарӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ зикр гардида буд, ки аз муҳлати ҳабси собиқи вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов, ки бо қарори Суди олӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо назардошти татбиқи афв нисбати ӯ қариб як сол боқӣ мондааст. Он замон дар Прокуратураи генералӣ эҳтимол дошта буданд, ки Ёқуб Салимов нимаи моҳи декабри соли 2015 ба озодӣ мебарояд.
Соли 1997 Ёқуб Салимов ба кӯшиши анҷом додани табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ айбдор шуда, кишварро тарк кард, аммо соли 2003 дар Русия боздошт ва баъди чанде ба Душанбе истирдод карда шуд.
Мурофиаи судии пӯшида нисбати Ёқуб Салимов 5 моҳ идома ёфта, 24 апрели соли 2005 Суди олӣ ӯро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ӯ ба хиёнат ба ватан дар шакли суиқасд бо мақсади ғасби ҳокимият, бандитизм, суистифода аз мақоми хизматӣ айбдор дониста шуда, бо қарори суд аз ҳамаи рутбаҳои ҳарбӣ ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуд.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1993) Ёқуб Салимов фармондеҳи яке аз отрядҳои Фронти халқӣ буд. Пас аз оштишавӣ моҳи декабри соли 1993 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъкин шуд. Соли 1995 аз ин мансаб барканор шуда, ба ҳайси сафир ба Туркия фиристода шуд, ки дар он ҷо беш аз як сол фаъолият дошт. Пас аз бозгашт ба Душанбе то соли 1997 ӯ ба Кумитаи гумруки ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекард.




Беш аз $3 млрд қарзи хориҷии Тоҷикистон. Душанбе аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст ва барои пардохти он чӣ бояд кунад?
Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик аз “UFC” берун карда шуд
СААД хабарҳо дар бораи кумак хостани Тоҷикистон аз ин созмонро рад кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Марги 3 кас дар пайи чаппа шудани як қаиқ дар дарёи Норак
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 декабри соли 2025
Ҳукумати Толибон консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистонро бастааст
“Ялдо ҷашни шодиву сур аст!”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд
Намоиш ва фурӯши маҳсулот дар Душанбе. Муқоисаи нарх ва сифати маҳсулоти ярмарка бо бозор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста