Суди олии Русия ҳукми суди ҳарбии ҳавзаи Қафқози Шимолиро оид ба гунаҳкор эътироф кардани зодаи Тоҷикистон Хуршедҷон Миҳтоҷов ба иттиҳоми ҷалби русиягиҳо ба сафи гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар Сурия ва ҳамчунин ғайриқонунӣ нигаҳдории маводи мухаддир бетағйир боқӣ гузошт.
Нашрияи Коммерсантъ дар ин робита менависад, суд Миҳтоҷовро ба 7 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.
Ба иттилои нашрия, зимни мурофиа судшаванда гуноҳашро рад карда, иброз доштааст, ки ӯ танҳо ба як зан аз Ставропол нияти издивоҷ дошта, барои наворбардории филми мустанад «доир ба вазъи бадбахтонаи мардуми Сурия» ба сафар баромаданӣ будааст.
Тибқи маълумоти хабаргузории РИА Новости , дар мурофиа айбдоршаванда изҳор кардааст, ки ба афкору ғояҳои тундгароӣ ҷонибдор нест ва гузашта аз ин, ӯ маводи мухаддир истехмол намекунад ва мақсади ӯ издивоҷ кардан бо духтар будааст.
Ба қавли айбдоршаванда, ӯ ҳақиқатан ҳам ба Сурия рафтанӣ будааст, вале барои «наворбардории филми мустанад оид ба вазъи фалокатбори мардум», на барои пайвастан ба сафҳои ҷангиён.
Хабарнигори РИА Новости иттилоъ додааст, ки сарфи назар аз мукотибааш бо духтар бо забони русӣ, ӯ баёноташро бо забони тоҷикӣ дода, зимни мурофиа забони русиро «фаромӯш кардааст».
Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, зимни мукотиба бо як духтар аз вилояти Ставропол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гуфтугӯҳои телефонӣ, айбдоршаванда ӯро ба анҷоми маросими никоҳи мусалмонӣ бо худаш ва сафар ба Сурия моил мекардааст.
Айбдоршавандаро ҳангоми тариқи ҳавопаймо ба Ставропол омадан боздошт ва ҳамчунин зимни кофтуков аз ӯ маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира шудааст.
Суд Миҳтоҷовро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 205.1 (мусоидат ба фаъолияти террористӣ) ва 228, қ.2 (ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ ва интиқоли маводи нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят зиёд бидуни мақсади фурӯш)-и Кодекси ҷиноии Русия гунаҳкор эътироф намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста