Муовини роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Илёс Идизода имрӯз ба журналистон дар шарҳи аризаи адвокат Солиҷон Ҷӯраев оид ба шаҳрванди Чин, директори ҶДММ «Сад Дарё» Ин Сюандэ, ки рӯзи 16 июли соли 2015 аз ҷониби Агентии мазкур дар Душанбе ба ҳабс гирифта шуд, изҳор намуд, ки дар ин изҳорот адвокат ба дурӯғи маҳз роҳ дода, афкори ҷамъиятиро ба гумроҳӣ андохтанист.
Ба гуфтаи муовини роҳбари Агентӣ, шаҳрванди Чин барои он ба ҳабс гирифта шуд, ки бо миёнаравии тарҷумонаш ба корманди Агентӣ 3 млн. сомонӣ пора доданӣ буд, зеро ин корманд фаъолияти моливу хоҷагидории «Сад Дарё»-ро месанҷид.
«Адвокат дурӯғ мегӯяд, ки муддати 6 моҳ ба шаҳрванди ҳабсшудаи Чин айбнома пешниҳод нашудааст, - қайд кард Идизода. - Пас аз 10 рӯзи боздошт ба ӯ айбнома пешниҳод шуда буд».
Дар идома намояндаи Агентии зиддифасод зикр кард, ки шаҳрванди боздоштшудаи Чин ҳеҷ гоҳ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузор набуд. «Ҳамаи воситаҳои ҶДММ «Сад Дарё» ба давлати мо тааллуқ доранд. Ғайр аз ин, гуфтаҳои адвокат дар бораи ошкор кардан ва ба ҳукуматдорон супурдани порагир - корманди Агентии зиддифасод низ дурӯғанд», - таъкид дошт Идизода.
Дар ин робита ӯ қайд кард, ки корманди Агентӣ худаш ба таври хаттӣ ба роҳбарият муроҷиат кард, ки шаҳрванди Чин ба ӯ пора пешниҳод кардааст. «Гузашта аз ин, пораро шаҳрванди Чин на дар дохили автомашинааш, чуноне ки адвокат мегӯяд, балки дар ҳуҷраи корӣ пешниҳод намуда, ҳамаи ин дар навори видео сабт шудааст», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз тафтишот муайян кардааст, ки ҶДММ «Сад Дарё» таҳти раҳбарии шаҳрванди Чин дар ҳаҷми 32,5 млн. сомонӣ зиёни молӣ расонида, ҳамчунин истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои буҷетӣ ба маблағи 16 млн. сомонӣ ошкор шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста