Муовини аввали роҳбари Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Алмахон Наимӣ имрӯз ба журналистон изҳор дошт, ки як қатор тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ба баррасии парлумон пешниҳодшуда ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноии ҶТ, ки дар онҳо барои порагириву порадиҳӣ ба ивази ҷавобгарии ҷиноӣ ҷарима пешбинӣ шудааст, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мавриди амал қарор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи тағйироту иловаҳо, минбаъд шахсоне, ки барои ҷиноятҳои марбут ба пора маҳкум мешаванд, ба ивази пардохти ҷаримаи пулӣ озод шуда метавонанд. «Ҳаҷми ҷаримаҳои пулиро судҳо муайян карда, ҳамчунин он аз сатҳи вазнинии ҷазо низ вобаста хоҳад буд», - иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки «мо аз ин тағйирот натиҷаҳои мусбат дар мубориза бо ришваситониро интизорем».
Сармушовири ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили ҳуқуқӣ Содиқ Шоҳназаров, ки низ дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, дар ин робита қайд кард, ки «ин тадбири ҳукумати ҷумҳуриро метавон иқдоми башардӯстона арзёбӣ намуд».
Айни замон мутобиқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти марбут ба порагирӣ ба муҳлати аз 5 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар моддаи 320-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои додани пора ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста