Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки моҳи ноябри соли 2014 дар кӯчаи Гипрозем, назди бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “БМВ Х-6”, ки арзишаш 40 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, харидорӣ намуда маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин марди 33-сола бо ҳамин роҳ моҳи январи соли 2015 аз марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе дар кӯчаи Гипрозем 10 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Гуфта мешавад, ҳамин тариқ гумонбаршудаи мазкур моҳи марти соли 2014 аз марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Гипрозем, назди бозори “Деҳқон”, 1-адад автомашинаи тамғаи “Рендж-Ровер”, арзишаш 58 ҳазору 630доллари амрикоиро гирифта маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста