Наздикони 13 нафар аъзои ҳайати раҳбарии Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ иттилоъ додаанд, ки мурофиаи додгоҳӣ нисбати ин афрод санаи 9 феврал оғоз мегардад. Мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат мегирад.
Наздикони боздоштшудаҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баён доштаанд, ки онҳо 8 феврал, як рӯз қабл аз мурофиа ба додгоҳ даъват шудаанд.
Пайвандони Абдуқаҳҳори Давлат, яке аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ гуфтаанд, ки дар ин бора ба онҳо аз Додгоҳи олӣ хабар додаанд. Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки бинобар махфӣ будани парванда муҳокима паси дарҳои баста ҷараён хоҳад гирифт, аммо ҷузъиёти аз ин бештар надода ва ҳатто нагуфтааст, ки мурофиаи ин 13 нафар кадом рӯз оғоз хоҳад шуд.
Наздикони аъзои боздоштшудаи ҲНИТ гуфтаанд, ки шояд аз ҳар хонавода як нафар аз пайвандон ва вакилони мудофеъ дар мурофиа иштирок кунанд.
Қайд мешавад, ки 13 узви раёсати ҲНИТ - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов – рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбаронаш, бо шумули раиси ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзати исломиро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил карда, фаъолияташро дар кишвар расман манъ кард.
Додситонии кулли Тоҷикистон аввали моҳи январ иттилоъ дода буд,ки парвандаи 13 нафар барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол шудааст.
То кунун дар бораи муҳокима ва маҳкум шудани дастикам як тан аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТгузориш шудааст. Додгоҳи олӣ рӯзи 27 ноябр Ҳасан Раҳимов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархорро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ - 307 -- "даъвати оммавӣ барои фаъолияти террористӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ", 195 -- "ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ" ва 189 -- "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ" ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳасан Раҳимов 23 сентябри соли ҷорӣ боздошт шуд ва гуфта мешавад, мақомот аз манзили ӯ туфангча ва норинҷак пайдо кардаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста