Дар ноҳияи Люберетски вилояти Маскав барои содир кардани ҷинояти вазнин - ғорати сокини маҳаллӣ зодагони Тоҷикистонро боздошт намуданд.
Бино ба иттилои Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, ба шуъбаи навбатдории пулиси ин ноҳия сокини маҳаллӣ муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки тақрибани соати 21-00 назди яке аз хонаҳо шахсони номаълум ӯро лату кӯб карда, ҳамёнашро дуздидаанд ва маблағи зиёни молӣ беш аз 24 ҳазор рублро ташкил додааст.
Дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯи ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят кормандони пулис чор нафар зодагони Тоҷикистон, синнашон аз 22 то 24-соларо боздошт кардаанд.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 161-и Кодекси ҷиноии Русия (ғоратгарӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ин модда то 7 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста