Зимни вохӯрии имрӯза бо рӯзноманигорон дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор шуд, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ ба гумони қаллобӣ нисбати Наҷмиддин Саидов, бародари роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ генерал-лейтенант Абдуфаттоҳ Ғоиб идома дорад.
Моҳи октябри соли гузашта ВАО-и Тоҷикистон иттилоъ доданд , ки Н.Саидов ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт шудааст. Он замон сари маблағи аз 400 то 600 ҳазор доллари ИМА сухан мерафт.
Бино ба маълумоти он замон интишоршуда, Н.Саидов ин пораро аз як шаҳрванд ба ивази ваъдаи вазифаи сардори Раёсати Хадамоти гумрук гирифтааст.
Баъдтар бо қарори суд Н.Саидов, ки ба ҳайси роҳбари филиали «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Данғара кор мекунад, ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, ба озодӣ баромад.
(Дар акс: роҳбари Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб).




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
майк москва8 феврал, 2016 14:54
Оё дар холати исбот нашудани чиноят аз гумонбаршуда матбуоти имруза дар назди конунгузор чавоб гуфта метавонад ё не? Агар гумонбаршуда ба маблаги як миллион сомони даъво барои химояи шарафи худ ба воситаи суд аз матбуоти зард талаб кунад, кобилияти пардохти ин маблагро дорад ва ба таълука намеафтад ё дар назди хонандагон чи чавоб мегуяд.