Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз тарафи кормандони КДАМ дар вилояти Суғд аз манзили истиқоматии сокини ноҳияи Панҷакент «Т.У.» 9,5 кило маводи мухаддири навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира гардид.
Дар ин бора аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, қайд карда шудааст, ки: «сокини н.Панҷакент «Т.У» тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон «Б.А.К» ва «Б.Ғ.Р» — сокинони ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент ба ивази маблағи муайян ин миқдор маводи мухаддирро тавассути деҳаи Чепӣ, н. Ургути Ҷумҳурии Ўзбекистон ба қоҷокчиёни ин кишвар бояд месупориданд».
Гуфта мешавад, дар натиҷаи амалӣ кардани чорабинии махсуси фаврӣ пеши роҳи ин ҷинояти вазнин гирифта шуд. Ҳоло нисбат ба шаҳрвандон «Б.Ф», «Б.Ғ» ва «Т.У» бо дастрасии моддаҳои 32, 289 ва 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста