Хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб (Маъсум Имомов), ки рӯзи 8 феврал дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шуд, шоми душанбе хабар додааст, ки ӯро тақрибан соати ҳашти шом, баъди 8 соати боздошт озод кардаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб изҳор доштааст, ки ӯро ба убури ғайриқонунии марз айбдор кардаанд, дар ҳоле ки дар он минтақа ягон аломати рӯшани ба Қирғизистон тааллуқ доштанаш дида намешуд.
Дар посух ба эътирози хабарнигори Озодӣ, марзбонҳои қирғиз як аломатеро нишон додаанд, ки дар канори ҷӯ дар як ҷои нонамоён гузошта шуда, дар он "Рустои Мақсат" навишта шуда буд. Ин русто ба ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд тааллуқ дорад.
Қаблан раҳбарони Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, хабарнигори боздоштшудаи Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб ба маркази ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд интиқол дода шудааст. Ба гуфтаи мақомоти марзбонии қирғиз, таҳқиқи қазияи ин хабарнигори Озодӣ ба бахши ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон вогузор шудааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб рӯзи 8 феврал, дар ҳоле ки бо супориши Радио мавзӯи насби парчами Қирғизистон дар болои хонаи ду сокини Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро таҳқиқ мекард, аз сӯи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон боздошт шуд. Тафсилоти бештари ин ҳодиса дар хабари бахши тоҷикии сомонаи Радиои Озодӣ қобили дарёфт аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста