Суди Нагатинои шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Гулғунча Амонбековаро ба гумони суиқасди қатли тифли навзоди худ ба ҳабс гирифт. То 7 апрел зан дар ҳабс қарор хоҳад дошт. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС аз хадамоти матбуоти суди мазкур иттилоъ додаанд.
Амонбекова рӯзи якшанбе, 7 феврал дар яке аз хонаҳои воқеъ дар кӯчаи Борисовские Пруди боздошт шудааст. Тибқи фарзияи тафтишот, ӯ тифли навзоди худро ба халтаи полиэтиленӣ печонида, ба қутти ахлот партофтааст.
Хушбахтона, тифл ба қутти ахлот афтода, зинда монд. Наздикиҳои соати 6-и субҳ ӯро ҳавлирӯб Фарид дарёфт кард. Айни замон ба ҳаёти тифл чизе таҳдид намекунад.
Ахири моҳи январ зери тирезаҳои манзили зисти баландошёна дар хиёбони Олимпийскии Митишии вилояти Маскав ҷасади тифли 1-сола дарёфт шуд. Зани 59-сола иқрор шуд, ки ин кушторро ӯ содир намудааст. Дар ҷараёни бозпурсӣ ӯ ҳикоят кардааст, ки шаби 29 январ ҳамроҳи духтару писараш ва ҳамзисти ӯ - модари кӯдак машрубот менӯшидаанд ва як вақте занро гиряи кӯдак ба хашм оварда, ӯро аз тирезаи манзили воқеъ дар ошёнаи нуҳум ба берун меафканад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста