Мақомоти пулиси Русия як гурӯҳи фурӯшандагони маводи мухаддири иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт намудааст.
Мувофиқи маълумоти фаврӣ, се нафар хориҷиён аз ҳаммаслакони худ миқдори зиёди маводи мухаддирро дастрас ва сипас онро баркашидаву ҷобаҷо ва баъдан тариқи пинҳонгоҳҳо мефурӯхтаанд.
Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Русия, зимни кофтукови манзили иҷораи онҳо ҳудуди 6 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.
Аз хадамоти матбуоти Раёсати Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия ба хабаргузории ТАСС дар ин робита иттилоъ додаанд, ки дар минтақаи шимоли шаҳри Маскав се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба фурӯши маводи мухаддири сахттаъсир машғул будаанд, боздошт ва аз онҳо 6 кило маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира шудааст.
Гуфта мешавад, кормандони пулис огаҳӣ ёфтаанд, ки шаҳрвандонии хориҷии боздоштшуда, ки нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аз ҳаммаслакони худ миқдори зиёди героин - аз 10 то 15 килоро дастрас намуда, сипас онро тариқи пинҳонгоҳҳо ба миқдори 1 кило ва зиёда аз он мефурӯхтаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста