Бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, сокини шаҳри Душанбе, зани 33-сола Заррина Сардорова барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави Сурия ба 13 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.
Заррина Сардорова моҳи октябри соли гузашта ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон аз Сурия тариқи Туркия дар шахри Душанбе боздошт шуда буд.
Он замон Заррина Сардороваи дар Сурия ҳузурдошта, ки дар як вақт се шавҳар доштааст, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархост намуда буд, ки ӯро наҷот диҳанд.
Дар гузориши телевизонӣ, ки аз ҷониби ВКД Тоҷикистон таҳия шуда, рӯзи 30 июни соли 2015 тариқи шабакаҳои давлатии телевизион намоиш дода шуд, таъкид мешавад, ки аввали моҳи январ ин зан ба модар ва шавҳараш изҳор намудааст, ки муддати як ҳафта барои истироҳат ба Туркия меравад. Шавҳари ӯ Рустам Раҳмонов барои сафари ҳамсараш ба Истамбул аз бонк дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари ИМА қарз гирифтааст.
Вақте ки дар муҳлати муқарраршуда зан ба Душанбе барнамегардад, кормандони ВКД Тоҷикистон муайян мекунанд, ки ӯ дар қаламрави Сурия қарор дорад.
«Муайян карда шуд, ки ҳангоми иқомат дар Душанбе зан дар як вақт ду шавҳар дошта, маросими никоҳи ӯ бо шавҳари дуюмашро роҳбари бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гузаронидааст», - қайд шуда буд дар гузориши телевизионӣ.
Ҳамчунин дар гузориши телевизионии ВКД Тоҷикистон таъкид шуда буд, ки ҳангоми дар Сурия қарор доштанаш З.Сардорова ба марди сеюм ҳам ба шавҳар баромадааст.
Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ин зан аз ҳукуматдорони Тоҷикистон таваллову зорӣ карда буд, ки ӯро наҷот дода, ба бозгашташ ба ватан мусоидат намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста