Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти нави ҳодисаи кушта шудани Зафар Азимов , бештар ҳамчун «Зафар Бедняк» маълумот дод. Дар ин куштор Обид Мақсудов, писари директори корхонаи кабели Тоҷикистон Эмом Мақсудов гумонбари асосӣ дониста мешавад.
Рӯзи чоршанбе, 24 феврал Вазорати корҳои дохилӣ тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ гузоршеро намоиш дод, ки дар он доир ба куштори соҳибкор барои қарзи пулӣ маълумот дода шуд.
Дар гузориш зимни баёнот додан Обид Мақсудов изҳор мекунад, ки сабаби куштани З.Азимов дар он аст, ки аз ӯ ба маблағи зиёд қарздор будааст. «Ӯ ба ман 110 ҳазор доллари ИМА қарздор буд. Ман ба ӯ инро фаҳмониданӣ шудам, вале ӯ ба гапҳои ман гӯш надода, ҳатоо ба ман дағалӣ кард. Баъди ин ман дигар худро идора карда натавонистам», - мегӯяд Обид Мақсудов дар гузориш.
Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми куштани Зафар Азимов аз қайчӣ ба сифати силоҳи куштан истифода шудааст.
Ҳамчунин ВКД бархилофи маълумоти пешини худ аз 20 феврал дар бораи Обид Мақсудовро рӯзи дигар пас аз ҳодиса ба ихтиёри мақомоти супурдани падараш Эмом Мақсудов қайд кард, ки гумонбаршударо кормандони милитсия боздошт намудаанд.
Ғайр аз ин, ВКД иттилоъ медиҳад, ки пас аз содир намудани ҷиноят Обид Мақсудов дар яке аз манзилҳои зист дар Душанбе пинҳон шуда, ҳангоми боздошт аз ошёнаи дуюм худро ба замин афкандааст, ки дар натиҷа дасту пояш зарбу лат ёфтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста