Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳолатҳои нави содир шудани ҷиноятҳои қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир карданд, ки номбурда моҳи ноябри соли гузашта бо роҳи фиреб ба боварии марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 68,5 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Ҳамчунин ин марди 32-сола бо ҳамин роҳ ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ беш аз 890 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Гуфта мешавад, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015 марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 9 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ба иттилои манбаъ, бо ҳамин мазмун ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015 зани 25-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 13,5 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Қайд мешавад, ки ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015 марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”-ро ба маблағи 13 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, 5 ҳазор доллари амрикоиашро пардохт, вале боқимонда 8 ҳазор доллари дигарашро то ҳол надодааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нисбат ба моҳи январи соли гузашта дар моҳи январи соли равон ҳодисаҳои қаллобӣ дар Тоҷикистон 8,2% афзуда моҳи гузашта дар ҷумҳурӣ 460 ҳодисаи қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо моҳи январи соли гузашта 35 ҳолат бештар мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста