Суди Пресненскии шаҳри Маскав дар бораи ба муддати ду моҳ, то 29 апрел ба ҳабс гирифтани Гулчеҳра Бобоқулова, ки рӯзи 29 феврал духтарчаи 4-соларо ба қатл расонид, қарор қабул кард.
Ба гуфтаи судя, Бобоқулова шаҳрванди Ӯзбекистон буда, дар Маскав ғайриқонунӣ қарор доштааст ва аксаран дар хонае, ки кӯдакро кушт, зиндагӣ мекардааст. Зикр мегардад, ки дар сурати чораи дигари нисбатан сабуктар андешидан, зан метавонад пинҳон шавад ва ҳамчунин барои ҳаёту саломатии шахсони дигар хатар эҷод кунад.
Қобили зикр аст, ки қабл аз ҷаласаи суд зан ба саволи ба гуноҳаш иқрор шудан мусбат посух дода, ба саволи дилаш сӯхтан ба духтарча манфӣ сар ҷунбонидааст. Аз паси панҷара Бобоқулова табассум карда, ба рӯзноманигорон дастафшонӣ ва ба ҳама салом гуфтааст.
Гулчеҳра Бобоқуловаро пулиси Русия рӯзи 29 феврал бо сари буридаи кӯдак ва нидои "Аллоҳ Акбар!" дар назди истгоҳи метрои Маскав дастгир кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин зан, ки либоси сиёҳ дар тан ва рӯймоли исломӣ дар сар дошт, ба гуфтаи шоҳидон, “Аллоҳ Акбар!” гӯён нидо мекард ва каллаи кӯдаки кушташударо алвонҷ медод. Баъди чанд лаҳза пулис ин занро ба замин хобонда, дастгир кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста