Хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Толстой, ки моҳи августи соли гузашта баъди ба таксирони тоҷик Тоҳир Султонов дарафтоданаш боздошт шуда буд, барои муолиҷаи маҷбурии рӯҳӣ ба бемористони Красноярск фиристода шудааст. Дар ин бора Русская служба BBC хабар медиҳад.
Зикр мегардад, ки қаблан ташхиси судии рӯҳӣ, ки дар Екатеринбург гузаронида шуд, аз рӯҳан бемор будани ӯро муайян кард. Дмитрий Толстой ба Тоҷикистон истирдод намешавад.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи августи соли гузашта сарбози пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон бо корд ба сокини шаҳри Қурғонтеппа дарафтода, дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои сершумор бардошт. Дмитрий Толстой, хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии пойгоҳи низомии 201 дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо чандин зарби корд таксирони 24-сола, сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Қӯрғонтеппа Тоҳир Султоновро маҷрӯҳ карда буд.
Таксирон Тоҳир Султонов дар ҳолати вазнин, бо захмҳо дар гардану сар ва дастон ба бемористон оварда шуд. Ӯ дарҳол ҷарроҳӣ шуда, баъди ду рӯз ба палатаи умумӣ гузаронида шуд.
Қобили зикр аст, ки соли 2014 низ ду сарбози дигари рус - Илдар Сахапов ва Федор Басимов дар қатли ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев муттаҳам шуда, ба 13 ва 17 соли зиндон маҳкум шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста